АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
28.01.2025
27 январи соли ҷорӣ дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, мудирони шуъбаву бахшҳо ва филиалҳои Агентӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.
Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ таъкид дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ ҳадафҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро барои марҳилаи минбаъда муайян намуда, ба рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия афзалияти хос медиҳад. Татбиқи ин ҳадафҳо аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ масъулияти баланд талаб менамояд.
Иброз гардид, ки Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ барои татбиқи ҳадафҳои панҷсолаи рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия бо мақсади амалӣ намудани барномаҳои нави таълимӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва шарикони байналмилалӣ вобаста ба таъмини рушди таҳқиқоти илмӣ, густариши саводнокии рақамӣ ва васеъ намудани омӯзишҳои амалӣ аҳамияти хос зоҳир менамояд. Ҳамзамон омода намудани мутахассисони ботаҷриба, ки бо донишҳои рақамӣ ва инноватсионӣ муҷаҳҳаз мебошанд, яке аз самтҳои афзалиятноки Агентӣ арзёбӣ мегардад.
Дар ҷаласа барои таъсиси озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз ва марказҳои омӯзиши рақамӣ, амалӣ намудани платформаҳои онлайнӣ барои таълим, ки ба таҳсили рақамӣ ҷавобгӯ бошанд, ҳавасманд намудани олимон ва мутахассисони ҷавон ба таҳқиқоти илмӣ дар самти радиоэкология, иқтисоди рақамӣ ва таъмини иштироки доктарантон (PhD), дар озмунҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалии инноватсионӣ таклифҳо пешниҳод гардид.
Дар интиҳои ҷаласа иштирокчиён вобаста ба татбиқи ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути талошҳои дастҷамъона, фаъолияти пурмаҳсул ва саъю кӯшиши ҳамаҷониба андешаҳои худро изҳор доштанд.